«Рўзи Модар» - ҷашни садоқату муҳаббат.
«Модар зеботарин калимаест, ки инсон ба забон овардааст. Модар ягона муъҷизаи табиат аст, ки ҳатто марг наметавонад моро аз ӯ ҷудо кунад. Қалби модар ҳудуди беинтиҳои меҳру муҳаббат, ғамхорӣ ва бахшидан аст». (Аз табрикоти идонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)
Ҳамасола бо бедоршавии табиати дилангезу нотакрори ватани маҳбубамон ва бо омад-омади баҳори гулфишон ҷашни барои ҳар як инсон мўътабар «Рўзи модар» бо ифтихору эҳтироми хосса таҷлил мегардад. Бо истифода аз фурсати мувофиқ, бо эҳтирому самимият Шуморо ва дар шахси Шумо тамоми бонувони зебову боиффати Тоҷикистонро бо ин рўзи саид табрику таҳният гуфта, ба якояки Шумо тансиҳативу хушбахтӣ, бурдбориву рўзгори осуда, хонаи ободу комёбиҳои беназир таманно дорам.
«Зан – Модар сарчашмаву офарандаи ҳаёт, рамзи покиву зебоӣ, махзани меҳру вафо ва таҷассуми зиндаи муҳаббату самимият мебошад» - фармудааст Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,
Ҳарчи дорад ин ҷамоат аз дуои модар аст!
Ончи дар васфи биҳишт фармуд Қуръони карим,
Соҳиби Қуръон бигуфто: зери пои модар аст!
Оре! Модар барои ҳар як фарди боору номус азизтарину муқаддастарин шахс буда, иззату эҳтиром ва дўстдориву ғамхорӣ нисбати ў қарзи аввалиндараҷаи фарзандон мебошад. Модар дар домони поки худ нобиғаҳо, пайғамбарон, шоҳону бузургони ин ҷаҳонро парвариш намудааст. Ниёгони бошарафу зиндаёди мо устод Рўдакиву ҳаким Фирдавсӣ, шайхураис Абуалӣ ибни Сино, мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, мавлоно Ҷомӣ, Саъдиву Ҳофизи Шерозӣ, Исмоили Сомониву Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафурову Мирзо Турсунзода ва ҳазорон шоирону олимон, сиёсатмадорону номбардорони миллат бо навозишу панду насиҳати модарон ба ҷое расидаанд.
Сабурӣ, меҳнатдўстӣ, боиффатӣ ва меҳрубониву дилсўзӣ рисолати зан-модари тоҷик буд ва мемонад. Адибону шоирони тоҷик дар васфи зан-модар, ҳусну малоҳати ў, далериву шуҷоат ва сабру матонаташ достонҳо офаридаанд. Зани тоҷик дар симои Робияи балхӣ ва Зебуниссо - шоираи ширинкалом, Гурдофариди Фирдавсӣ – ҳимоятгари марзу буми Ватан, дар симои Зебуниссо Рустамова ва Мавзуна Чориева – варзишгари сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳазорон номдорони Ватан ифода ёфтааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 таъкид намудааст: «Мо, ҳамчунин, ба ҷинси зан-модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ў насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад». Вазифаи модарӣ ва ҳамсарӣ муҳимтарин ва арзишмандтарин вазифаи зани тоҷик аст, ки бо садоқату муҳаббати поку беолоиш тули садсолаҳо ҳамчун суннати миллӣ бунёд ёфтааст. Маҳз муқаддасоти оила, муносибати пур аз эҳтирому садоқати зан-модари тоҷик кафилу асоси ҷомеаи солим мебошад.
Модари тоҷик бо ақлу фаросати азалӣ, хираду бурдборӣ ва иффати нотакрори тоҷикона тамоми вазниниву мушкилоти зиндагиро бар душ гирифта, фарзандонро дар роҳи нек тарбия мекунад ва ҳаёти оилаву хонаводагиро танзим менамояд. Ҳамзамон, ў талош мекунад, ки дар қатори мардон ба халқу ватани худ хидмат намояд. Имрўз зани тоҷик ҳам сиёсатмадору ҳам олим, ҳам омўзгору ҳам табиб, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,ҳам ҳунарманду ҳам варзишгар буда, дар рушду нумўи кишвари азизамон саҳмгузор аст. Аз ин рў, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ширкати фаъолонаи бонувони мо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат масъалаи баланд бардоштани нақши занро дар ҷомеа яке аз ҳадафҳои сиёсати худ қарор додааст. Ҷашни бошукўҳу шаҳомати беандозаи «Рўзи модар» дар саросари кишвар далели соҳибэҳтиромӣ ва баланд будани қадру манзалати Зан-Модар дар ҷомеа мебошад.
Бо дўстдориву қадршиносӣ, дар шахсияти Зан-Модар, тамоми бонувони кишварро бо ин иди саршор аз эҳтирому муҳаббат табрику муборакбод гуфта, ба Шумо бахти сафед, хушбахтии оилавӣ, саломатии бардавом ва сулҳу суботи ҷовидонаро таманно дорам.
Амирҷон Вазиров – директори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат