МАОРИФ, ИЛМ ВА МУАЛЛИМ - КАФИЛИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ВА ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ (дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2024)
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро калиди пешравӣ ва рушду тараққиёти давлат ва иқтисодиёти миллӣ номида, пайваста таъкид менамояд: «…бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф - сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва ватан мебошад». Мусаллам аст, ки соҳаи маориф таи фаъолияти ҳаррўза ба масоили саводу маърифат машғул шуда, омўзгор ҳамчун тарбиятгари насли солими ҷомеа пайваста баҳри такмили маърифатнокии мардум кушиш ба харҷ медиҳад. Муаллими асил медонад, ки танҳо саводу маърифат ва илму дониш кафили наҷот ёфтан аз вартаи бадбахтиву нокомиҳо шуда метавонанд. Маҳз муаллим ва мактаб ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва тарбияи ахлоқиву маънавии шогирдон мекўшанд, зеро ки ҷаҳолат сабаби бесаводии миллат, аз байн рафтани сулҳу субот ва халалдор намудани рушди давлат мегардад. Боиси ифтихору сарфарозии мо маорифчиён аст, ки Роҳбари давлат ба масъалаи мактабу маориф ва муаллиму хонанда таваҷҷуҳу ғамхориҳои беандоза зоҳир намуда, соҳаи маорифро соҳаи калидӣ ва омўзгорро «…ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он» номидааст. Оре! Муаллим меъёрҳои арзёбии дониши шогирдонро тавсеа бахшида, барои омўзонидани фанҳои таърих, забону адабиёт, фарҳангу санъат, расму ойин ва дигар арзишҳои умумиинсонӣ талош мекунад, моҳияти сулҳу субот ва муқаддасоти миллиро шарҳ медиҳад ва хонандагонро барои гузоштани саҳми арзандаи худ дар расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ роҳнамоӣ мекунад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз аз оғози даврони Истиқлолияти давлатӣ раванди ислоҳоти соҳаи маорифро бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти соҳа пеш гирифта, ҷиҳати таҷдиду навсозӣ дар самтҳои мухталифи соҳа қабул ва амалисозии садҳо санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро ба роҳ монд. Амалисозии зиёда аз 30 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи зиёда аз 3,5 миллиард сомонӣ ва идомаи татбиқи 11 лоиҳа дар ҳаҷми умумии 4,6 миллиард сомонӣ илова ба хароҷот аз буҷети давлатӣ далели таваҷҷуҳи беандозаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф мебошад. Бунёду азнавсозии 3670 бинои муассисаи таълимӣ барои зиёда аз 1 миллиону 600 ҳазор хонанда, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ва банақшагирии сохтмону азнавсозии беш аз 1000 бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 800 муассисаи таълимии томактабӣ дар панҷ соли ахир ба хотири рушди неруи инсонӣ буда, бори дигар аз ғамхориву дастгириҳои давлат ба соҳаи маориф дарак медиҳад. Таҳлилҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат нишон медиҳанд, ки дар 4000 муассисаи таълимии мамлакат 2 миллиону 280 ҳазор хонанда таҳсил намуда истодаанд, ки нисбат ба соли таҳсили 1991-1992 800 мактаб ва 1 миллион хонанда зиёд мебошад. Шумораи ба синфи якум шомилшавандагон аз шумораи хатмкунандагони зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 147 ҳазор нафар зиёд мебошад ва ин маънои онро дорад, ки ҳар сол бояд 380 мактаби нав бунёд ва ба истифода дода шавад.
Ҷомеаи имрўзаи мо дар замони ниҳоят пуртазод ва аз ҷиҳати сиёсиву иҷтимоӣ тағйирёбанда қарор дорад. Маҳз муаллим имрўз бояд аз ҳарвақта дида ҳушёру зирактар бошад, зеро ки бедорсозӣ ва тақвияти ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандўстиву ифтихор аз ватандорӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва инсонӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ў ба ҳисоб мераванд. Амалисозии ҳадафҳои миллӣ ба беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар нигаронида шуда, пеш аз ҳама амнияти миллӣ ва рушди босуботу устувори иқтисоди миллиро тақозо менамояд.
Дар сиёсати имрўзаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мақоми махсусро доро буда, ҳамасола ҳаҷми маблағгузорӣ дар ин самт бештар карда мешавад. Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи иҷтимоӣ дар соли 2024 ба 19 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки 43 % хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Дар ин замина маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 30 %, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 20 % зиёд карда шуд, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани зиндагии мардум дастгирии саривақтӣ мебошад.
Идоракунии самараноки иқтисоди миллӣ аз гузариш ба рақамикунонии он вобастагӣ дорад, зеро ки он шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявиро таъмин месозад. Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ самтҳои асосии пешбурди иқтисоди миллиро, аз ҷумла такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ, инкишофи инфрасохтори рақамӣ, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ, таъмини амнияти киберии махзанҳои маълумот ва ташаккули соҳибкории рақамӣ ва савдои электрониро муқаррар намуда, ҷиҳати вусъат додани равандҳои инноватсионӣ ва рушди технологияҳои рақамӣ ва истифодаи бемайлони онҳо дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030 -ро «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон кард.Таъсиси Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кўлоб ва муқаррар намудани он ҳамчун пойгоҳи асосии омодасозии мутахассисони соҳаи болозикр, инчунин муҳайёсозии шароити мусоиди корӣ ва ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва ташкили бозомўзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ аз муҳимият ва зарурати ин масъала дарак медиҳанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола қайд намуданд: «рушди маориф бо пешрафти соҳаи илм пайванди ногусастанӣ дорад». Ҳамзамон, Пешвои муаззами миллат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва дараҷаи касбии омўзгорон, истифодаи технологияҳои муосири таълим ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омўзгорону донишҷўён ва тақвияти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дастуру супориши мушаххас дода, иброз доштанд, ки «… ҳамаи пешравию пирўзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунанд». Хулоса, аз Паёми ироашуда бармеояд, ки нақши соҳаи маориф, илм ва шахсан муаллим дар рушди иқтисоди миллӣ ва таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ беандоза бузург буда, зарур аст ки стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, алалхусус таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҷдиди назар карда шуда, маводҳои муосири таълимӣ таҳия ва усулҳои наву самараноки таълим мавриди омўзиш ва истифода қарор дода шаванд. Мақсади асосии мактабу муаллим бояд танҳо ба воя расонидани насли солим, мутахассиси кордону болаёқат ва саводноку соҳибкасб намудани аҳолии мамлакат бошад, зеро ки «… сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад», таъкид намудааст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Амирҷон Вазиров – директори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат