БАРРАСИИ НУҚТАҲОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ
Санаи 08.01.2025 баррасии нуқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки устодону кормандони муассисаи давлатии таълимии коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат баргузор гардид.
Дар аввал роҳбари муассиса Вазиров Амирҷон Катаевич мулоҳизоти хешро ҷиҳати Паёми имсола, ки ҳамчун роҳнамо дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву илмӣ муайян мекунад, иброз доштанд.
Омӯзгорон бори дигар диду нигоҳи хирадмандонаву маорифпарваронаи Пешвои миллатро, ки Паёми ҳамасола собитсозандаи он аст, ҷонибдорӣ намуда, назди худ вазифаҳо гузоштанд, ки таълиму тарбияро боз ҳам ҷоннок намоянд.