КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳозирини муҲтарам, Ҳамкасбон, меҲмонони гиромиқадр ва шогирдони азиз!

Санаи 16 ноябр барои мо тоҶикистониён санаи ниҳоят фаромушношуданист. 16 ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии ҶТ дар шароити ниҳоят ҳассосу мушкил ба Ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид. 16 ноябри соли 1994 бори нахуст Ҳамчун Президенти ҶТ дар назди халқу ватан савганд ёд кард. Маҳз ба хотири эҳтиром ва эътирофи хиради азалӣ ва таъмини сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва болоравии обрӯву эътибори Тоҷикистони Ҷавон дар арсаи байналмилалӣ ва бо дарназардошти нақши бевосита ва ҳалкунандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ниҳоят мураккаб ба сари ҳокимият омада, дар пешрафти кишвар саҳми арзандаи худро гузоштааст. Маҳз бо талошу кӯшишҳои пайвастаи ӯ ба Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима гузошта шуд ва шартномаи истиқрори сулҳу ваҳдат ба имзо расид. Поя ва рукнҳои асосии давлатдории миллӣ тақвият ёфта, ниҳодҳои ҳукуматӣ ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қонуният ва адолат барқарор карда шуданд. Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул ва иқдому ташаббусҳо дар самти ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ оид ба об пешбарӣ карда шуданд, инчунин ҳадафҳои стратегии рушди устувори ҷомеа, пешрафти иқтисодиёт, беҳтарсозии сатҳи зисти мардум ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ, таҳкими ѓоя ва андешаи миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ, ҳуввияти миллӣ, сиёсати дарҳои кушод ва ҳамкории судманд бо дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фазилату хирадмандии худ тавонист давлатро аз фаноёбӣ наҷот диҳад, гурезаҳои иҷбориро ба Ватан баргардонад, халқро муттаҳид намуда, дар дили мардум шӯълаи умедро бедор кунад.

Фарорасии ин Ҷашни муқаддасро ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон муборакбод гуфта, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тансиҳатӣ, сарбаландиву сарафрозӣ таманно дорам ва бигузор Ватани азизи мо то абад озоду умеди ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бимонад.

Сана: 2024-11-15     Хонданд: 3176

ҲАМКОРИҲО