КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ ВАЗИРОВ АМИРҶОН КАТАЕВИЧ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ ВАЗИРОВ АМИРҶОН КАТАЕВИЧ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамкасбони азиз ва мардуми шарифи Тоҷикистон !

Бо камоли мамнуният ва эҳтироми самимӣ якояки Шуморо ба муносибати 30-юмин солгарди ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба Шумо тансиҳативу хотири болида, бурдбориву саодати рўзгорро таманно дорам. Конститутсияи кишвари мо ҳамчун дастоварди бузурги миллӣ дар давраҳои бениҳоят душвору баҳснок ва аз ҷониби тамоми мардуми Тоҷикистон баррасӣ ва пазирўфта шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санади сарнавиштсозро дастоварди бузурги миллӣ арзёбӣ намуда, нақши танзимкунандаи онро дар тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат борҳо қайд намудааст: «Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рўйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад».

Барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори молиявию иқтисодӣ, таҳкими бехатарии ҷомеа ва болоравии ҳисси ватандўстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон маҳз баъди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид. Конститутсияи кишвар дорои эътибори олӣ буда, арзиши олии миллату давлат мебошад, зеро ки он ҳуқуқу вазифаҳои инсонро эътироф ва кафолат медиҳад. Дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «-Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд» ва ин далели он аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин барномаи амал барои зиндагии шоиста ва роҳнамои ояндаи неку бобаракати мо тоҷикистониён аст.

Бори дигар бо як ҷаҳон таманниёти нек ин ҷашни фархундаро ба Шумо муборакбод гуфта, бароятон саломатии бардавом, саодату хушбахтиҳои рӯзгорро таманно намуда, дар фаъолияти касбиатон комёбиҳои нав ба навро орзумандам. Бо камоли эҳтиром, А.Вазиров

Сана: 2024-11-04     Хонданд: 3188

ҲАМКОРИҲО