КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

ТАБРИКОТИ КОЛЛЕКТИВИ КОРМАНДОНИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИ КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ

ТАБРИКОТИ КОЛЛЕКТИВИ КОРМАНДОНИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИ КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ, БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МАВЛУДИ ДИРЕКТОРИ МУАССИСА ҲАЙДАРЗОДА МЕҲРОБИ ИСЛОМ

Муҳтарам Ҳайдарзода Меҳроби Ислом дар ин лаҳзаҳои воқеан ҳам хурсанди рӯзи хуҷастаю фархундапайк мавлуди муборакро ба Шумо самимона табрик гуфта бароятон саломатию саодатмандӣ, иқболу обрӯ умри дарози пурбаракат нерӯи матини сиёсӣ ва баландтарин қуллаи музаффариятро таманно дорем.

Воқеияти зиндагӣ ва марҳилаҳои тайкардаи рӯзгор дар ҳама давру замон собит намудааст, ки инсони заминиву хоксор ва дорои тафаккуру маърифати баланддошта пайваста миёни мардум болонишину бологузар буд ва ҳаст. Ин гуна ашхосро маҳз рафтору кирдор, сатҳи баланди донишу биниш, малакаи кордониву коршиносӣ метавонад дар миёни ҷомеа бо гузашти начандон зиёди вақт соҳиби номи баланду эътибори хосса гардонад ва Шумо аз зумраи нафароне ҳастед, ки кору пайкор, рӯзгору рӯзгордорӣ ва муҳимтар аз ҳама, тору пудатон саршор аз чунин арзишҳои олии инсонӣ аст.

Боиси ифтихор аст, ки нақши Шумо ҳамчун ватандӯсту сиёсатмадор дар пешбурд ва амалӣ намудани барномаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру ҳидоятҳои ибратомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баѓоят муҳим аст.

Аз ин рӯ, бо таваҷҷӯҳ ба амалӣ намудани нияту нақшаҳои минбаъда ва таҳкими иродаи устувору пурматинатон, бори дигар Шуморо бо солгарди мубораки умратон сидқан шодбош гуфта, бароятон саодату сарбаландӣ, ифтихору сарфарозӣ ва саломатии бардавомро таманно дорем.

Ҷашни фархундаи мавлуд муборак!

Бо эҳтирому самимият,

коллективи кормандони

Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат.

Сана: 2024-06-01     Хонданд: 2962

ҲАМКОРИҲО