КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар МДТ Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат

Таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар МДТ Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат

Имрӯз, санаи 19 марти соли 2024 ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат бо як шукӯҳу шаҳомати хоса бо оростани хони наврӯзӣ баргузор карда шуд. Дар ҳамоиши ҷашни Наврӯз муовини раиси шаҳри Ваҳдат - Шоира Абдураҳимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат – Ҳайдарзода Ислом Ҳайдар, раиси Шӯрои занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат –Маҳбуба Муҳиддинова, раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат – Фотима Табарова, директори «Кохи маърифат» - и шаҳр – Раҳматзода Руқия ширкат намуда, аз хони наврӯзии муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дидан намуданд.

Нахуст, ҳамоишро Ҳайдарзода Меҳроби Ислом – директори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ифтитоҳ намуда, меҳмононро барои ташриф оварданашон изҳори миннатдорӣ баён намуда, иброз дошт, ки ҷашн гирифтани Наврӯз суннати қадимии мардуми тоҷик аст. Ҷашни Наврӯз яке аз пояҳои асосии фарҳанги ориёӣ ва таҷассумкунандаи анъанаҳо дар муносибатҳои иҷтимоӣ мебошад, ки то ба имрӯз ба мо мерос мондааст. Маълум аст, ки Наврӯз таърихан чун ҷашни миллии пешвозгирии Соли нав дар мардуми Шарқ ва Осиёи Марказӣ маъмулу машҳур гаштааст. Наврӯз айёми баробар шудани шабу рӯз, мавсими эҳёи табиат ва оғози кишту кори баҳорӣ мебошад.

Сипас, муовини раиси шаҳри Ваҳдат – Шоира Абдураҳимзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат – Ҳайдарзода Ислом дар бораи саҳми беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳё намудан, ба ҷашни Наврӯз додани мақоми байналмилалӣ ва суннатҳои Наврӯз ибрози ақида намуданд.

Зимни чорабинӣ якчанд кормандону омӯзгорон, донишҷӯён ва гурӯҳҳои фаъол бо ифтихорномаҳои директори муассиса қадрдонӣ гардиданд.

Дар идомаи чорабинӣ дастаи ҳунарии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат бо таҳияи барномаи рангини фарҳангии иборат аз саҳначаҳо, шеъру сурудҳои дилнишин, гӯштингириву хурӯсҷанг, ки ин хоси Наврӯз аст, баромад намуда, ба қалбҳои иштирокчиёни ин ҳамоиш фараҳу шодӣ бахшида, ҷавононро ба ҷашни аҷдодӣ боз наздиктару маҳбубтар гардонид.

Сана: 2024-03-20     Хонданд: 3098

ҲАМКОРИҲО