КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ба ифтихори Рӯзи Модар

Чорабинии

фарҳангӣ-фароғатӣ ба ифтихори Рӯзи Модар зери унвони «Модар сарчашмаи зиндагӣ» дар муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат

Санаи 7.03.2024 дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ҳамоиши бошукӯҳи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Модар бо иштироки занону бонувон ва донишҷӯдухтарони муассиса доир гардид.

Дар оғози чорабинӣ директори Коллеҷи омор – Ҳайдарзода Меҳроби Ислом ҳайати занону бонувонро бо самимияти беандоза ба ин рӯзи фархунда табрику шодбош гуфта, нақши онҳоро дар пешрафти соҳаи маориф муҳим арзёбӣ намуд. Зикр карда шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дастгириву ғамхориҳои Давлату Ҳукумат нисбат ба занону бонувон яке аз самтҳои меҳварии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Дар идомаи чорабинӣ, занону бонувон ва як қатор донишҷӯдухтарони фаъол аз тарафи роҳбарият қадрдонӣ карда шуданд.

Сипас бо ташаббуси шуъбаи тарбияи коллеҷ баҳри болидахотирии занону бонувон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешкаши ҳозирин гардид.

Сана: 2024-03-09     Хонданд: 3022

ҲАМКОРИҲО