КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Баргузории озмуни «Бонуи ҳунар», «Кадбонуи беҳтарин»

Баргузории
озмуни «Бонуи ҳунар», «Кадбонуи беҳтарин» дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба ифтихори ҷашни Рӯзи Модар

Санаи 29.02.2024 дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба ифтихори Рӯзи Модар, дар байни духтарон озмуни «Бонуи ҳунар», «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид.

Мақсади баргузории озмуни мазкур ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон, либосҳои миллӣ, аз қабили чакандӯзӣ, сӯзандӯзиву гулдӯзӣ, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик, ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби кадбонуҳо, эҳёи таомҳои милливу маҳаллии аз байнрафта, маҳорати камхарҷии кадбону ва омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти оилавӣ маҳсуб меёбад.

Аъзои ҳакамон дар ҳайати Табарова Фотима Сафаралиевна – Раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат, Иброҳимова Шодигул – мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат, Барно Боева – муҳаррири маҷаллаи «Бахтофарони Ваҳдат», Абдусаттор Раҳмон – раиси иттифоқи нависандагони шаҳр иштирок ва баҳогузорӣ намуданд.

Дар ҷамъбаст, Фотима Табарова, Абдусаттор Раҳмон ва Шодигул Иброҳимова баромад намуда, ба кадбонуҳо баҳои баланд дода, зан – модарро сарчашмаи ҳаёт, равшанидиҳандаи хонадон ва тарбиятгари фарзандон арзёбӣ намуда, барои дар баробари илм омӯхтан боз маҳорати дузандагиву пазандагӣ, кадбонуи хонадон ва нутқи буррову симои тоҷикона доштан изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар охир, Ҳайдарзода Меҳроби Ислом -директори Коллеҷ меҳмононро хайру маъқадам гуфта, изҳори миннатдорӣ намуд.

Сана: 2024-03-01     Хонданд: 2782

ҲАМКОРИҲО