СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАҲШИДА БА ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ СОЛИ 2024 «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ» » ДАР МАВЗӮИ “МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ЗАМИНАИ БОЭЪТИМОДИ РУШДИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД” дар МДТ Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ” санаи 17.02.2024 дар доираи эълон гардидани соли 2024 «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ» дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, №668 тибқи нақшаи чорабиниҳои муассиса семинари илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи “Маърифати ҳуқуқи заминаи боэътимоди рушди давлати ҳуқуқбунёд” дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат доир намуд.
Нахуст, сухани ифтитоҳиро Ҳайдарзода Меҳроби Ислом - директори коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат огоз намуда, дар бораи мақсади ба тавсиб расидани Фармони мазкур ва муҳтавои он, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои соҳаи ҳуқуқ ва паст кардани сатҳи ҳуқуқвайронкуни ибрози ақида намуда, суханони Пешвои миллатро дар Паёми имсола чунин ёдовар шуд: “Бояд гуфт, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калиди дорад”.
Сипас, омузгорон – Мунаваров Бахтиёр дар мавзӯи « Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон омили муҳими Ваҳдату ягонагӣ”, Назриддинова Фазилат дар мавзӯи “Маърифати ҳуқуқӣ –кафили баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва адолатпарварӣ” дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯ: Абдуллоева М. дар мавзӯи « Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон - асоси таҳкими давлати ҳуқуқбунёд », баромадҳои ҷолиб намуданд.
Баромадкунандагон ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои саҳеҳу дакик дода, донишҷӯёнро ба риояи қонунҳои амалкунанда ва донистани ҳуқуқҳои худ даъват намуданд.
Семинарро директори коллеҷ ҷамъбаст намуд.