Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат Санаи 15.02.2024 бо ташаббуси роҳбарияти Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаи номбурда шарҳу тавзеҳ дода шуданд. Дар ҳамоиш Ҳайдарзода Ислом Ҳайдар – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат ва Фотима Табарова – раиси собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат иштирок доштанд. Нахуст, Ҳайдарзода Меҳроби Ислом - директори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабиниро ифтитоҳ намуда, меҳмононро шинос намуд. Сипас, Ҳайдарзода Ислом – раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат оид ба муҳтавои Паёми Президенти кишвар баромад намуда, қайд кард, ки Паёми Пешвои миллат ҳуҷҷатест, ки дар заминаи он нақшаву барномаҳо тарҳрезӣ гардида, баҳри иҷрои онҳо шароитҳои мусоид фароҳам оварда мешаванд. Мавсуф дар бораи тараққиёти соҳаҳои ҳаётан муҳими давлат, пешрафти ҷомеа, ғамхориву дастгириҳои ҷавонон аз тарафи давлату ҳукумат ва дигар бахшҳои калидӣ ишораҳои махсус зоҳир намуд. Ҳамчунин, Ҳайдарзода Меҳроби Ислом – роҳбари муассиса дар баромади хеш тамоми паҳлуҳои Паёми имсоларо мавриди шарҳу тавзеҳ қарор дода, диққати ҳозиринро бештар ба соҳаи маориф ҷиҳати таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф, зиёд намудани маош ва стипендия, баланд бардоштани нуфузи омӯзгор дар ҷомеа, ки ҳар сатри он саршор аз самимияту боварӣ ва дастуру роҳнамоиҳои бунёдкорона ба хотири фардои дурахшони миллат мебошад, ҷалб намуд. Фотима Табарова дар тақвияти суханони дар боло зикргардида, ҷавононро ба қадри ғамхориҳои Президенти маҳбубамон расидан, таҳсили хубу аъло, ободкории кишвари азизамон ва ояндаи дурахшони миллати тоҷик, ки дар он саҳми ҷавонон хеле зарур аст, даъват намуд. Чорабиниро директори коллеҷ ҷамъбаст намуд.