КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Семинари илмӣ – назариявӣ бахшида ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат»

Семинари илмӣ – назариявӣ бахшида ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» дар мавзӯи “Саҳми соҳибкорони ватанӣ дар барқарорсозии корхонаю коргоҳҳои ватанӣ” дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат

Кафедраи «Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо ва КАС” санаи 14.02.2024 дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат», ки 21 декабри соли 2021 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, тибқи нақшаи чорабиниҳои муассиса семинари илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи “Саҳми соҳибкорони ватанӣ дар барқарорсозии корхонаю коргоҳҳои ватанӣ” дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат доир намуд.

Нахуст, сухани ифтитоҳиро муовини директор оид ба таълим, Солиҳов Фазлиддин оғоз намуда, дар бораи аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати мамлакат ибрози ақида намуд.

Сипас, омӯзгор – Шамсуллозода Замира дар мавзӯи «Рушди саноат ва соҳибкории мамлакат” дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯён: Мақсуддинзода Қиёмиддин дар мавзӯи «Таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон», Ҳусенова Сатрина дар мавзӯи «Рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Султонов Меҳроб дар мавзӯи «Ифтитоҳи калонтарин корхонаи тавлиди семент дар шимоли ҷумҳурӣ», Мусинов Салим дар мавзӯи «Таъсиси корхонаҳои нав дар шаҳри Ваҳдат» баромадҳои ҷолиб пешкаш намуданд.

Ҳамчунин вобаста ба мавзӯи семинар муовини директор оид ба тарбия Саидов Беҳруз, Зоиров Файзалӣ ва дигар омӯзгорону донишҷӯён дар тақвияти суханони баромадкунандагон фикру андешаҳои худро баён намуданд.

Семинар бо саволу ҷавоби иштирокчиён ҷамъбаст гардид.

Сана: 2024-02-15     Хонданд: 2939

ҲАМКОРИҲО