КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Семинари илми-назариявӣ дар мавзӯи «Бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик»

Семинари илми-назариявӣ дар мавзӯи «Бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик» бахшида ба 115 – солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат

Дар доираи Амру фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақша-чорабинии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат семинари илми-назариявӣ дар мавзӯи «Бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик» ба ифтихори таҷлили 115 – солагии қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатӣ, академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён аз тарафи кафедраи фанҳои гуманитарӣ доир гардид.

Тибқи барнома мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ – Азизова Дилафрӯз сухани ифтитоҳиро оғоз намуда, дар бораи мақсади баргузории семинари мазкур ва аҳамияти он маълумот дод.

Сипас, донишҷӯйи бахши 2 – юми ихтисоси «Кори бонкӣ» Файзализода Саломат дар бораи ҳаёт ва фаъолияти аълома Бобоҷон Ғафуров, омӯзгор - Назарова Ганҷина дар мавзӯи «Бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик», омӯзгор - Тоиров Ҳайдар дар бораи хизматҳои беназири қаҳрамони Тоҷикистон баромадҳои хубу ҷолиб намуданд. Ҳамчунин, иштирокчиён дар тақвияти суханони баромадкунандагон сухан ронда, Бобоҷон Ғафуровро муаррихи барҷаста ҳисобиданд.

Дар фарҷом, масъули чорабиниҳои илмӣ – назариявӣ, Зоиров Файзалӣ семинарро ҷамъбаст ва хулосабарорӣ намуд.

Сана: 2024-02-13     Хонданд: 2863

ҲАМКОРИҲО