КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Иҷроиши барномаҳои давлатӣ

Бо ташабуси роҳбари муассиса номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳайдарзода Меҳроби Ислом ва дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши касбӣ ва баланд бардоштани маҳорати кормандон ва омӯзгорон дар муассиса дар давраи таътили зимистонаи донишҷӯён аз санаи 14.12.2020 то 15.01.2021 семинарҳои омӯзишӣ оид ба муносибати таълими босалоҳият, омӯзиши фанҳои забони англисӣ, русӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузор намудани семинарҳо – ин омӯзиши истифодаи усулҳои нави таълим, иҷрои «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015-2020» ва ҳамзамон, амалишавии Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар коллеҷ ба ҳисоб меравад. Дар рафти семинарҳои омӯзишӣ омӯзгорони пуртаҷриба дар доираи барномаҳои таълимии пешниҳодгардида дарс-семинарҳо гузаронида, тавонистанд дар радифи иҷрои барномаҳои давлатӣ ҳамзамон касбияти омӯзгоронро беҳтар намоянд.

Сана: 2021-01-18     Хонданд: 2375

ҲАМКОРИҲО