КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Омӯзиши курси забонҳои русӣ ва англисӣ

Суратгузориш аз рафти омӯзиши курси забонҳои русӣ ва англисӣ

Маъмурияти Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, №438 ба тавсиб расидааст, дар муассисаи номбурда дар давраи таътили зимистонаи донишҷӯён барои омӯзгорон курсҳои кутоҳмуддати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русиву англисиро ба роҳ мондааст.

Ба курси мазкур зиёда аз 70 нафар омӯзгорони ихтисосҳои гуногун ҷалб карда шуда, мутахассисони соҳа дарсҳоро дар асоси барномаву нақшаҳои тарҳезишуда роҳандозӣ менамоянд.

Инчунин, тибқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати азхуд кардани 400 луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омӯзгорон тасмим гирифтанд.

Албатта омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ аз манфиат холӣ нест. Дар ҷаҳони муосир донистани якчанд забон имкониятҳои насли ҷавонро васеъ гардонида, шароит муҳаё месозад, ки неруи хешро дар соҳаҳои гуногуни фаъолият самаранок татбиқ намоянд.

Сана: 2024-01-18     Хонданд: 2902

ҲАМКОРИҲО