Тибқи нақшаи чорабиниҳои Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат имрӯз, санаи 26.12.2023 бахшида «Ба амалӣ гардидани ҳадафи чоруми Стратегияи миллии рушд» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Саноатикунонӣ омили муҳими рушди иқтисодиёти мамлакат» бо иштироки раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат, муҳтарам Фотима Табарова доир гардид.
Нахуст, Ҳайдарзода Меҳроби Ислом – роҳбари Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабиниро ҳусни оғоз бахшид. Дар чорабинӣ омӯзгори калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ – Мунаваров Бахтиёр дар мавзӯи «Саноатикунонии босуръат-омили пешрафти ҷомеа», декани факултети омор, ҳисобдорӣ ва низоми иттилоотӣ, доктор РhD - Ализода Тоҳир дар мавзӯи «Муаммоҳои ташкили иқтисодӣ, истифодаи захираҳои замин ва об дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ», мудири кафедраи иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо ва КАС – Холов Зайдулло дар мавзӯи «Муҳимияти иқтисоди сабз дар суботи иқтисодӣ», омӯзгори кафедраи «Низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт» - Неъмонов Музаффар дар мавзӯи «Татбиқи тараққиёти технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, ба саволҳои иштирокчиён посухҳои амиқу дақиқ доданд.
Ҳамзамон, муҳтарам Фотима Табарова барои баргузории конференсияи мазкур ҷиҳати интихоби мавзӯъҳои мубрами рӯз ва таҳлили васеи онҳо аз тарафи баромадкунандагон изҳори қаноатмандӣ намуд. Дар фарҷом, сарвари таълимгоҳ меҳмонон ва иштирокчиёни конференсияро бо фарорасии Соли нави милодӣ табрику шодбош гуфта, дар иҷрои нақшаву ниятҳои ояндаашон муваффақиятҳо таманно намуда, чорабиниро ҳусни анҷом бахшид.