КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

викторина бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ

Имрӯз санаи 21.12.2023 аз тарафи кафедраи “Низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт” викторина бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои солҳои 2020-2040 гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ донишҷӯёни бахшҳои 2-юми ихтисоси 2-40010135 ва 2-250135 аз мавзӯъҳои фанни “Технологияи компютерӣ” байни ҳам рақобат нишон доданд. Шартҳои ин озмун бештар дар барномаи MS EXCEL ба таври амалӣ сурат гирифт. Дастаҳо фаъолона иштирок намуда бо холҳои 73 насиби гурӯҳи 2-250135 ва 51 хол насиби гурӯҳи 2-40010135 сазовор гардонида шуд. Дар анҷом аз тарафи роҳбари муассиса н. и. и. Ҳайдарзода М. И. ифтихорнома супорида шуд.

Сана: 2023-12-21     Хонданд: 2690

ҲАМКОРИҲО