Санаи 14.11.2023 мувофиқи мактуби воридотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи чорабиниҳои маърифатию иттилоотии зидикоррупсионии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат вобаста ба пешгирии ришваситонию коррупсия бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарнозири раёсати муқовимат бо коррупсия Розиқзода Алихони Абдуҳаким семинар баргузор карда шуд.
Дар ҷараёни баргузории семинари мазкур намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Розиқзода Алихон Абдуҳаким оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ ба аҳли нишаст фаҳмондадиҳӣ намуданд. Инчунин дар фарҷоми семинар барои боз ҳам пурратар гардидани маълумот оид ба ҳолатҳои коррупсионӣ аз тарафи намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буклетҳои ташвиқотӣ ба омӯзгорону донишҷӯён дастрас карда шуд.