КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ

Санаи 12 майи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бахшида ба “Иқтисодиёти сабз”, “Суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт” дар мавзӯи “Муаммоҳои гузариш ба иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: Вазъи кунунӣ ва дурнамо” дар сатҳи баланди илмӣ гузаронида шуд.

Сараввал, муовини директор оид ба таълим Солиҳов Фазлиддин Чақалович ба Конференсия ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро барои ташриф оварданашон ба даргоҳи илму маърифат хайрамақдам намуда, меҳмонони ҳузурдошта ва рӯзномаи конференсияро ба аҳли толор шинос намуд.

Сипас, маърӯзаи Табарзода О.С. дотсенти кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Иқтисоди рақамӣ ва саноатикунонии босуръат: муаммо ва дурнамо”, доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамии ДМТ Ҳакимова М. дар мавзӯи “Динамическая устойчивости национальной экономики Республики Таджикистан на современном этапе” ва докторанти кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамии ДМТ Сатторов А.А., дар мавзӯи “Таъминоти барномавӣ ҳамчун соҳаи саноат” шунида шуд.

Баъд аз хотима ёфтани ироаи мавзӯи маърузачиён декани факултети “Молия, бонк ва ташкили истеҳсолот дар иқтисодиёт” Шарипов Файзалӣ ба конференсия ҳусни хотима бахшид.

Қайд намудан бо маврид аст, ки Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар омода намудани китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ ва дигар намуди маводи омӯзиши барои донишҷӯён корҳои арзанда ба сомон мерасонад.

Инчунин, барои бунёд намудани механизми навоварӣ ба корбурди мафҳумҳои муҳосибӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақамикунонии иқтисодиёт, гирифтани донишҳои мубрам дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудити муосир заминаи муносиб мегузоранд.

Сана: 2023-04-13     Хонданд: 2444

ҲАМКОРИҲО