Санаи 17 марти соли ҷорӣ дар доираи иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри муаррифии ҳарчи бештари расму ойинҳои Наврӯз, ҳамчун ҷашни байналмилалӣ, дар муассисаи таълимӣ чорабинии тантанавӣ, фарҳангиву варзишӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур як қатор меҳмонон аз ҷумла, муовини Раиси шаҳри Ваҳдат Каримзода Мансур, муовини занон ва бонувони шаҳри Ваҳдат ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Роҳбарият ва меҳмонон аз хону анъанаҳои Наврӯзӣ, ки аз ҷониби омӯзгорон ва донишҷӯёни факултаҳои муассиса созмон дода шуда буд, дидан намуда, ба намоишҳои варзишӣ, ҳунарҳои мардумӣ, оростани хони ҳафтсину ҳафтшин, ки рамзи баҳору Наврӯз аст, баҳои баланд доданд.
Директори муассисаи таълимӣ Ҳайдарзода Меҳроб Ислом ҳозиринро ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният намуда, изҳор доштанд, ки имрӯз дар сарзамини мо таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи оламафрӯз дар саросари ҷаҳон рамзи эътирофи куҳанбунёду тамаддунсоз будани халқи тоҷик ва арҷгузорӣ ба ойинҳои миллии мо мебошад, ки ин ифтихори бузург барои ҳар яки мост.
Сипас, дар фазои тантанавӣ барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бахшида ба Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба як қатор омӯзгорони зерин: Саидов Беҳрӯз, Султонов Тоҷиддин ва Одинаев Меҳрубон бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва омӯзгорон Олимзода Абдусаҳоб ва Шарипов Кароматулло бо “Ифтихорнома”- и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ баҳри болидахотирии иштирокчиёни Наврӯзи байналмилалӣ, бахши фарҳангии муассиса барномаи ҷолиби консертиро пешкаш намуданд.