Мутобиқи нақша – чорабиниҳое, ки аз тарафи муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат вобаста ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июли соли 2022, №АП-227 ва барқияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.02.2023, №07(44)02-34, санаи 18-уми феврали соли ҷорӣ, аз тарафи маъмурият ва омӯзгорони фанни таърихи халқи тоҷик дар байни донишҷӯён озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» –оинаи таърихи миллат» дар сатҳи баланди илмӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни озмун зиёда аз 20- нафар донишҷӯёни донандаи фанни таърихи халқи тоҷик иштирок намуда, байни онҳо саволу ҷавоб аз китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ба роҳ монда шуд. Аз тарафи ҳакамон бошад, 6 нафар донишҷуён ба даври дуюми озмун роҳхат гирифтанд.