Маъмурияти муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат оид ба иҷрои мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ ва дарки баланди ватандорию хештаншиносии донишҷӯён санаи 13.02.2023 бо роҳбаладии сарпарастони гурӯҳҳои таълимӣ Султонов Тоҷиддин ва Солиҳов Қобилҷон аз Осорхонаи миллӣ фориғ аз дарсҳо дидан намуданд.
Барои донишҷӯёни муассиса аз тарафи роҳбалади Осорхона Савриддин Саидов маълумотҳо оид ба нигораҳои ин макони таърихӣ гуфта шуд. Дар ҷараёни боздид аз толор роҳбалад оид ба давраи асри санг, тарзи тайёр намудани олотсозии ҳамон давра ва рафти зиндагии одамони ҷамоеаи ибтидоӣ иттилоот доданд. Дар толорҳои дигари Осорхона роҳбалад доир ба давраҳои дигари таърих ва тамаддуни бою рангини халқи тоҷик маълумотҳои мухтасар пешниҳод кард.
Дар ошёнаи дуюми бино дар бораи туҳфаҳои гаронарзиши Президентҳои мамлакатҳои хориҷӣ ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон малумотҳои басо хотирмон дода шуд, ки донишҷӯён дар худ таассуроти нек бардошта аз Осорхонаи миллӣ барои идома додани дарсҳои таълимиашон ба муассиса бозгаштанд.