Тибқи нақша чорабиниҳои Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 ва тарғибу ташвиқи муҳтавои асосии он дар байни омӯзгорон ва донишҷӯён, имрӯз дар маҷлисгоҳи КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки Каримзода Мансур-муовини раиси шаҳри Ваҳдат, Абдураҳимзода Шодмон- мутахассиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва Ҳайдарзода Меҳроби Ислом- директори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат доир гардид.
Директори муассиса муҳтарам Ҳайдарзода Меҳроби Ислом чорабиниро оғоз намуда, меҳмононро ба омӯзгорону донишҷӯён шинос намуд. Ҳамзамон, мақсади ҷамъ омаданамонро ба ин толор оиди баррасии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намуданд. Инчунин, дар баромади худ дар мавзӯи “Баррасии муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асолати хеш” ироа намуданд. Дар идомаи баррасии Паём Каримзода Мансур- муовини раиси шаҳри Ваҳдат, Холов Зайдулло- мудири кафедра, Бобизода Кароматулло- омӯзгори муассиса маърӯзаҳои худро оид ба нуктаҳои Паём ибрози назар карданд.
Дар охир роҳбари муассиса қайд намуданд, ки бо итминони комил гуфта метавонам, ки гуфтаҳои Роҳбари давлатро дар фаъолияти муассиса сармашқи кори ҳаррӯзаамон мегардонем. Инчунин, шогирдонро бошад, ҳамчун пайравони Пешвои муаззам ва ояндасози миллату давлати хеш тарбияву таълим менамоем.