КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Мизи мудаввар оид ба бемории сил

Санаи 15.12.2020 дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат мизи мудаввар оид ба ҷалбкунии таваҷҷуҳи ҷомеа баҳри пурзур намудани дарёфти бемории сил дар байни гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ ва дастгирии ҳаматарафаи беморони гирифтори сил барои то ба охир расонидани табобат гузаронида шуд. Мизи мудаввар дар доираи яке аз лоиҳаҳои USAID гузаронида шуд, ки дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Ваҳдат, намояндаи ABT Associated Ҳурия Исомова, директори маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар шаҳри Ваҳдат Тиллоев Ваҳоб, сардори иҷтимоӣ-тиббии ҶҲАТ Илҳом Раҳимов, раисони ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Ваҳдат, сардори шуъбаи КАТС дар ш. Ваҳдат Холов Шокир ва дигар масъулони соҳаи тандурустӣ дар ш. Ваҳдат ширкат намуданд. Дар мизи мудаввар оиди бемории сил, дарёфт, ташхис ва табобати он, вазъи эпидимологии бемории сил ва шаклҳои мутобиқгаштаи бемории сил дар шаҳри Ваҳдат, равишҳои асосӣ ва қадамҳо барои амалӣ намудани Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи миёна (ETICA), чорабиниҳои ҶҲАТ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ оид ба пурзур намудани дарёфти беморони сил дар сатҳи ҷомеа, дастгирии беморони шаклҳои устувори сил дар сатҳи ҷомеа бо мақсади баланд бардоштани иродатмандии беморон ба табобат, пешгирии кандашавӣ аз табобат ва дастгирии равонию иҷтимоии беморон баромадҳо карда шуда, мусоҳибаҳо гузаронида шуд. Ҳамзамон, дар рафти баромадҳо дар доираи масъалаҳои марбут оид ба ҳолати воқеии ҷомеаи имрӯза дар робита ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз он ҷумла COVID-19 баён гардида, ҳамчунин, дар радифи ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат оид ба пешгирии ин бемориҳо баромадҳо карда шуд.

Сана: 2020-12-15     Хонданд: 2170

ҲАМКОРИҲО