КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Давлатов Раҳматулло Ҷурабекович

Давлатов Раҳматулло Ҷурабекович 26.06.1982 дар шаҳри Ваҳдат (пешина Ордженикидзеобод) ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №55 ба номи Н. Розиқ соли 1999 ба Факултети механикаю математикаи Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон, ба ихтисоси риёзиёти амалӣ дохил шуда, соли 2004 донишгоҳи мазкурро бо дипломи аълочӣ хатм намуд. Инчунин, соли 2015 Факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Иқтисодиёт ва идора дар саноати куҳӣ ва геологӣ-иктишофӣ», бо тахассуси муҳандис-иқтисодчӣ (маълумоти дуюм) хатм кардааст. Соли 2004 баъди хатми донишгоҳ ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат (ДСХ) ба кор қабул гардида, дар давраи фаъолияти худ то 09.2012 дар вазифаҳои гуногун кор намудааст: ассистент - коромӯзи кафедраи Риёзиёти олӣ ва информатика,  ассистент-коромӯзи кафедраи Тарҳрезӣ ва технологияҳои информатсионӣ, ассистенти кафедраи Тарҳрезӣ ва технологияҳои информатсионӣ, программасозӣ системавии ДСХ, Маъмури пойгоҳи додаҳои донишкада ва ҳамчун ҳамкори дохилӣ муаллими калони кафедраи Системаҳои информатсионӣ дар иқтисодиёт ва муаллими калони кафедраи Информатикаи ДСХ кору фаъолият намудааст.

Аз 01.09.2012 то 31.08.2013 сол ба ҳайси муаллими калони кафедраи Информатикаи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, аз 01.09.2013 то 08.2015 дар вазифаи муаллими калони кафедраи Информатикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз 08.2015 то 11.2015 дар вазифаи ёвари директори КМҚДҶ «Тиллои Тоҷик» кору фаъолият намудааст.

Аз 2.11.2015 то 01.2016 дар вазифаи омузгори кафедраи Низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёти Коллеҷи омори ш. Ваҳдат ва аз 01.2016 то ин 02.01.2020 дар вазифаи муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва робитаҳои берунаи Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат кору фаъолият намуд. Аз 02.01.2020 то инҷониб вазифаи декани факултети молия, бонк ва ташкили истеҳсолот дар иқтисодиётро бар душ дорад.

Дар давраи таҳсил дар донишгоҳ ва фаъолияти кориаш чандин курсҳои кутоҳмудат ва курсҳои такмили ихтисосро дар кишвар ва берун аз он гузаштааст, ба монандӣ:

  1. Аз моҳи 10.2002-01.2003 – Курси кӯтоҳмудат бо гирифтани ихтисоси Мӯҳосиб-оператори мошинаҳои электронии ҳисоббарор (Бухгалтер- оператор ЭВМ)- Шаҳодатнома,
  2. Аз 01.01.2004 – 03.2004– CADA, курси Асосҳои веб дизайн- Шаҳодатнома
  3. Аз 13-18.06.2008 –омӯзиши забони барномасозии PHP (Personal Home Page), MySQL, бо ташаббуси «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет» ­– CIPI
  4. Аз 18-25.08.2008 – омӯзиши забони барномасозии PHP (Personal Home Page), MySQL, бо ташаббуси «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет» ­– CIPI
  5. Аз 20.06-05.07.2009 – Идоракунии системаи амалиётии Линукс, веб дизайн дар асоси CMS Joomla – Шаҳодатнома
  6. Аз 25-28.01.2011 – машварат дар чорҷӯбаи лоиҳаи «Ривоҷи потенсиали кадрҳо дар соҳаи ТИК тавассути шабакаҳои компютерии берунӣ ва дарунӣ», бо дастгирии молиявии Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти Ҷомеаи Кушода – Бунёди мадад дар Тоҷикситон аз тарафи Ташкилоти Ҷамъиятии Маркази ТИК – Шаҳодатнома
  7. Аз 07-16.02.2012 –Иштирок дар тренинг дар доираи лоиҳаи ҳамкории аврупоии «Ташаббуси таҳсилоти олӣ дар соҳаи информатика дар Осиёи Марказӣ (HEICA - Higher Education Initiative for Informatics in Central Asia)» аз тарафи Барномаи таълимотии аврупоии ТЕМPUS – дар Ҷумҳурии Узбекистон (Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд ва Донишкадаи технологии саноати сабук ва хӯроквории ш. Бухоро)
  8. Аз 27.05-10.06.2012 –Иштирок дар тренинг дар доираи лоиҳаи ҳамкории аврупоии «Ташаббуси таҳсилоти олӣ дар соҳаи информатика дар Осиёи Марказӣ (HEICA - Higher Education Initiative for Informatics in Central Asia)» аз тарафи Барномаи таълимотии аврупоии ТЕМPUS – дар Ҷумҳурии Литва (Донишгоҳи технологии Каунас) – Сертификат
  9. Аз 02.05-13.05.2012 –Иштирок дар тренинг дар доираи лоиҳаи ҳамкории аврупоии «Ташаббуси таҳсилоти олӣ дар соҳаи информатика дар Осиёи Марказӣ (HEICA - Higher Education Initiative for Informatics in Central Asia)» аз тарафи Барномаи таълимотии аврупоии ТЕМPUS – дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Донишгоҳи технологии Тоҷикистон) – Сертификат
  10. Аз 04.01.2016-16.01.2016 – курси такмили ихтисос аз фанҳои низоми таҳсилоти кредитӣ, психология ва педагогика, аз тарафи Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ.– Дипломи №895 аз 19.01.2016
  11. Аз 17.01.2019-30.01.2019 – курси такмили ихтисос аз фанни технологияҳои иттилоотӣ, дар муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Шаҳодатномаи №545 аз 30.01.2019.

Муаллифи зиёда аз 50 мақолаи илмӣ, аз он ҷумла 3 китоби таълимӣ-методӣ буда, рисолаи номзадии худро барои дарёфти номзади илмҳои педагогӣ санаи 14.11.2020 бомуваффақият дифоъ намудааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.