КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Раҳмонзода Зоир Файзали

Раҳмонзода Зоир Файзали 8 – уми январи соли 1981 дар деҳаи Муҳоҷирободи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1987 ба синфи якуми мактаби миёнаи №29 ба номи М. Горкии деҳаи Муҳоҷирободи ноҳияи Фархор рафта, соли 1998 мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро хатм намудааст.    Пас аз хатми мактаби миёна соли 1998 ба Факултети соҳибкорӣ ва менеҷменти Донишкадаи сохибкорӣ ва хизмат (ДСХ) дохил шуда, соли 2003 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматро аз рӯи ихтисоси иқтисодчӣ-информатик хатм намудааст. Баъд аз бомуваффақият хатм намудани Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар вазифаҳои зерин адои вазифа намудааст.




ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ.

 

Моҳ ва сол

 

Вазифа ва номи пурраи ҷои кор

 

 

маҳалли

ҷайгиршавӣ

 

Дохил шудан

 

Хориҷ шудан

 

2003

 

2004

Устод – коромӯзи Кафедраи риёзиёти олӣ ва информатикаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат.

 

ш. Душанбе

2004

2005

Ассистенти Кафедраи риёзиёти олӣ ва информатикаи ДСХ.

 

ш. Душанбе

2006

2007

Муҳандис – барномасози компютерҳои ДСХ

ш. Душанбе

 

2006

 

2011

Омӯзгори калони Кафедраи тарҳрезӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ДСХ.

 

ш. Душанбе

 

2008

 

2012

Директори Маркази иттлоотӣ – иртиботии ДСХ.

 

ш. Душанбе

 

02.05.2012

 

15.10.2012

Декани Факултети соҳибкорӣ ва бизнеси ДСХ

 

ш. Душанбе

 

15.10.1012

 

02.07.2013

Мудир ва дотсенти Кафедраи низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДСХ

 

ш. Душанбе

 

03.07.2013

То имрўз

Директори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат

i. Ваҳдат

 

01.03.2015

То имрӯз

ВАКИЛИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ш. Душанбе

 



Муаллифи як монграфияи илмӣ, шаш китоби дарсӣ ва зиёда аз 55 мақолаҳои илмию-тадқиқотӣ буда, корҳои методию-амалиашро дар мавзӯҳои тадбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи маорифи ҶТ аз чоп баровардааст. Соли 2005 курси такмили ихтисосро бо забони англисӣ дар ҷумҳурии ҳиндустон (45 рӯз), дар ассоси шартномаи ду кишвар оиди ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, гузаштааст. Соли 2009 бо гурӯҳи кории Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, дар конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Моликияти зеҳнӣ» дар шаҳри Занҷони ҷумҳурии исломии Эрон иштирок намуда, сазовори дипломи дараҷаи 1 гаштааст. Аз соли 2012 ҳамчун аъзо дар Лоиҳаи Темпус-ҳайка, ки курси такмили ихтисос бо забони англисӣ дар ҷумҳурии Узбекистон (18 рӯз) шуда гузашт, ширкат варзидааст. Инчунин бо сафарҳои расмӣ дар симпозиумҳо ва конференсияҳои байналмилалӣ дар Федератсияи Руссия ва Давлатҳои Араб ширкат варзидааст. Рисолаи номзадиашро моҳи октябри соли 2011 дар мавзӯи «ҷиҳатҳои иҷтимоӣ-иқтисодии тадбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳимоя намуда, соҳиби дипломи номзади илмҳои иқтисодӣ гардидааст.

МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ ВА ИФТИХОРНОМАҲ

Ӯ барои фаъолияти пурсамар дар ҷодаи илм ва таълиму тарбияи насли наврас ва барои иштироки фаъолона дар озмӯни олимони ҷавон, ихтирокори беҳтарин, бахшида ба 20 солагии иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии ҶТ бо Ифтихорномаи ВМҶТ соли 2012, бо ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника дар соли 2013 ва аълочии Маориф ва илми ҶТ дар соли 2014 сарфароз гаштааст. Оиладор буда, соҳиби 4 фарзанд мебошад.